​Таҷлил аз Рӯзи қабули Эъломияи ҳуқуқи башар

Бахшида ба Рӯзи қабули Эъломияи ҳуқуқи башар дар мавзӯи “Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ” дар факултети геоэкология соати сиёсӣ баргузор гардид.

Дар соати сиёсӣ устодон ва донишҷӯёни факултети геоэкология доир ба дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, моҳияти Эъломияи ҳуқуқи башар, ватандӯстӣ, худогоҳӣ, хештанпарастӣ ва дар ин радиф оиди пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ сухан ва табодули андеша намуданд.

Гуфта шуд, ки Эъломияи ҳуқуқи башар ҳуҷҷати муҳим дар самти таъмини ҳуқуқҳои инсон буда, он дар асоси принсипҳою меъёрҳои Эъломияи ҳуқуқ, ки Куруши Кабир эълон намуда буд, асос ёфтааст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ