Пешвои саодатофарини халқ

Тоҷикон дар ибтидои соҳибдавлат будани худ, ба ҷангу ҷидол ва нобасомониҳое рў ба рў гардиданду ҳар як фарди меҳанпарасти кишвар ташнаи ваҳдату озодиву ободӣ буд. Дар ин росто, Эмомалӣ Раҳмон барои давлати муосири тоҷикон нақши бунёдгузориро доранд.

Халқи тоҷик собит намудааст, ки танҳо бо ваҳдатҷўӣ, якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор мегардонанду танҳо дар сурати расидани ба ваҳдати миллӣ душвориҳо ва монеаҳои пешорў омадаро паси cap мегардонад, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ меояд, кишвари азизу маҳбуб ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт рӯ мениҳад.

Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ин таъкидеро бар халқи азизи хеш кардаанд: «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад».

Он дарахте, ки Пешвои муаззами мо дар назар доранд, ба сулҳу ваҳдат ташбеҳ додаанд, имрӯзҳо меваҳои ширину бисёре ба самар оварда истодааст, ки бо онҳо мо, тоҷикон фахр месозем. Муносибатҳои нави давлатӣ, сиёсати соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон, сохтмони роҳҳои нави дохилию берунӣ ва ба хориҷи кишвар баромадани тоҷиконро ба миён гузошт.

Маҳз бо кӯшишу талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандист, ваҳдату сулҳ падидор аст. Пас, бо ифтихор ин Родмарди асили халқро фарзанди фарзонаи халқ, Садри муаззами миллат, Президенти мардумӣ, Пешвои саодатофарини халқ ном мебарему мегӯем: Мо бо Шумоем Пешвои муаззами миллат!

Шарифзода М.–устоди МДТ “ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ