Шӯрои олимон: Баррасии дурнамо ва мушкилоти корҳои таълимӣ-методӣ, тарбиявӣ, илмӣ-инноватсионӣ ва робитаҳои байналмилалӣ
Ҷаласаи навбатии Шӯрои олимони МДТ "Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров" таҳти раёсати ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода ҷараён гирифт.
Ҷамшед Ҷӯразода ҷаласаро ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро бо рӯзномаи он шинос намуд.
Сипас, Аюб Усмонов, муовини ректор оид ба корҳои тарбия дар мавзӯи “Вазъи татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз
Зимни баррасии масъалаи аввал профессор Ҷамшед Ҷӯразода оид ба ташкил ва баргузории чорабиниҳои донишгоҳӣ дар самти шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози назар намуда, ба масъулин дастур дод, ки дар сатҳи донишгоҳ озмуни “Паём – роҳ ба сӯи зиндагии шоиста ва дастовардҳои бузург”-ро ба роҳ монда, ғолибон муайян ва қадрдонӣ карда шаванд.
Баъд аз он, роҳбарияти донишгоҳ дурнамо ва мушкилоти сатҳу сифат ва самаранокии раванди таълиму тадрис, корҳои таълимӣ-методӣ, тарбиявӣ, илмӣ-инноватсионӣ ва густариши равобити байналмилалӣ дар факултети физикаю техникаро мавриди таҳлил қарор дода,бобоати ташкил ва гузаронидани силсилаи дарсҳои намунавӣ, назорати электронии машғулиятҳои таълимии омӯзгорон, беҳтар намудани раванди таҷрибаомӯзии муҳассислин, аз такмили ихтисос гузаронидани устодон, ба барномаи дурнамои илмӣ-татқиқотӣ мувофиқ намудани мавзӯъҳои корҳои илмии устодон ва ғайраандешидани чораҳҳои мушаххасро тақозо намуд.
Дар заминаи масъалаи сеюм – “Сатҳу сифати мониторинг аз фанҳои гуманитарӣ ва ҷомеашиносӣ дар факултетҳои донишгоҳ: вазъи кунунӣва дурнамо” ва масъалаи чоруми рӯзномаи ҷаласаи Шӯрои олимон - “Беҳдошти сатҳу сифати машғулиятҳои амалӣ ва масъалаҳои босамар гузаронидани корҳои хаттӣ (КМД, КМРО, кори курсӣ) дар донишгоҳ: вазъи кунунӣва дурнамо”масъулин барои баргузор намудани мониторинг аз фанҳои ҷомеашиносӣ (фалсафа, сиёсатшиносӣ, мантиқ, сотсиология) гуманитарӣ (фарҳангшиносӣ) ва ҷиҳати ташкил намудани машғулиятҳои иловагӣ барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим аз фанҳои забони русӣ ва забони хориҷӣ, таҷдиди маводи корҳои мустақилона ва ғайравазифадор карда шуданд.
Маркази иттилоот ва таҳлил