​Иштироки дастаи волейболбозони донишгоҳ дар мусобиқоти ҷумҳуриявӣ

Имрӯз 1-уми декабр, мусобиқаи ҷумҳуриявӣ байни донишҷуёни муассисаҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз руйи волейбол (мардон) дар соли 2020 оғоз гардид.

Дар даври ниҳоии (марҳилаи чорум) ҳафт дастаи беҳтарини марҳилаи якум, дуюм ва сеюми мусобиқаҳои байни факултавӣ, сатҳи шаҳриву ноҳиявӣ ва вилоятии муассисаҳои олии кишвар, ки давоми ду моҳ идома кард (шурӯъ аз 12 октябри соли ҷорӣ), иштирок доранд.

Чорабинии мазкур дар асоси талаботҳои "Барномаи маҷмуи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017- 2021" аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва роҳандозӣ гашт.

Ҷоиз ба қайд аст, дар мусобиқаи мазкур дастаи волейболбозони Муассисаи давлатии таълимии "Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров" вилояти Суғдро намояндагӣ мекунад.

Баъд аз ҷамъбасти мусобиқаи волейбол байни ҷавонписарон мусобиқаи ниҳоии ҷумҳуриявии мазкур байни ҷавондухтарон низ оғоз гардида, ғолибон бо медалу диплом ва ҷом сарфароз гардонида мешаванд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ