​Мулоқоти ректори донишгоҳ бо намояндагони Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид

Ҷамшед Ҷӯразода - ректори Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” бо Рубен Газанчян - мушовири Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Федератсияи Русия, Фирӯз Саид - мушовир оид ба масъалаҳои иқтисодии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон ва Мақсуд Орифов - менеҷери дафтари минтақавии БРСММ дар шаҳри Хуҷанд мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ лоиҳаи “Навсозии потенсиали илмӣ-истеҳсолӣ ва таълимии Парки технологӣ, ташкил ва гузарондани курсҳои кӯтоҳмуддати мебелсозӣ барои донишҷӯён ва ҷавонон”-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҳамчунин ҷонибҳо доир ба масоили вусъати ҳамкориҳо дар самти илм ва инноватсия, таълим ва ғайра табодули афкор намуданд.

Мавриди зикр аст, ки маблағи умумии лоиҳаи пешбинишуда 97 ҳазор сомониро ташкил дода, қисми асосии он барои харидории таҷҳизоту лавозимоти мебелсозӣ ва ташкили курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишии мебелсозӣ пешбинӣ шудааст.

Намояндагони Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид баъд аз вохӯрӣ аз намоиши ҳунарии устоҳои “Парки технологӣ”-и донишгоҳ дидан намуда, баҳои баланд доданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ