Баргузории озмуни “Маърӯзаи беҳтарин”
Бахшида ба солҳои 2019-2021 “Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар факултети забонҳои хориҷии МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” озмуни “Маърӯзаи беҳтарин” доир гардид.
Донишҷуёни гурӯҳи тарҷумонӣ доир ба имконияти сайёҳӣ ва рушди он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзиш ва тарғиби ҳунарҳои мардумӣ, таҷдиди инфрасохтори деҳот ва дигар масъалаҳо маърӯза намуданд.
Аз рӯйи натиҷагирии ҳайати ҳакамон дар озмун донишҷӯён:Парвиз Ҳалимов, Мижгона Сайфиддинова ва Зарина Абдуева ҷойҳои ифтихориро соҳиб ва бо ифтихорномаю туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд.
Маркази иттилоот ва таҳлил