​Муаррифии барномаи Global UGRAD

Имрӯз 10-уми феврал, дар факултети забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров барномаи Global UGRAD муаррифӣ гашт. Дар ин бора, аз шуъбаи робитаҳои байналмилалии донишгоҳ хабар доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки иштирокдорон ҳини муаррифии барномаи Global UGRAD, ки аз ҷониби Бюро оиди таҳсилот ва фарҳанги Департаменти Давлатии ИМА сарпарастӣ мешавад, зикр кардаанд, ки тавассути он барои гирифтани таълими ғайриакадемӣ дар коллеҷ ё донишгоҳи таъйиншудаи ИМА маблағгузорӣ мешавад.

Баъдан иштирокдорон доир ба шартҳои иштирок дар барнома мубодилаи афкор намуда, дастандаркорон баён доштанд, ки иштирокчиён дар давоми барнома ҷомеа, фарҳанг ва таҳсилоти академии Амрикоро омӯхта, дар корҳои ҷамъиятӣ иштирок, ва ба ин тариқ, малакаҳои касбии худро такмил медиҳанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ