Дифои 2 рисолаи илмӣ дар Шӯрои диссертатсионии донишгоҳ
Имрӯз 22-юми апрели соли 2021, дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-033 назди Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” аз рӯйи ихтисоси 10.02.20 – Забоншиносии муқоисавӣ-таърихӣ, қиёсӣ-муқоисавӣ барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ Азимова Умедаҷон Абдумавлоновна дар мавзӯи «Таҳлили муқоисавӣ-таърихии лексика ва фразеологияи «Таърихи Байҳақӣ» бо лаҳҷаҳои муосири шимолӣ ва ҷанубии тоҷикӣ» таҳти роҳбарии доктори илмҳои филологӣ, профессор Ҳасанзода Абдуҷамол Ашраф ва аз рӯйи ихтисоси 10.01.08 – Назарияи адабиёт. Матншиносӣ барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ Саидхоҷаева Маликахон Алиевна дар мавзӯи «Масъалаҳои назарии нақди адабӣ дар солҳои 20-уми асри ХХ (бо такя ба маводи маҷаллаи «Раҳбари дониш»)» таҳти роҳбарии номзади илмҳои филологӣ, дотсент Субҳони Аъзамзод рисолаҳои илмии худро дифоъ намуданд.
Ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ устодони болозикрро барои дифои рисолаҳои илмӣ шодбош намуда, тавфиқи ҳамешагӣ, офият ва саломатии бардавомро орзу менамояд.
Маркази иттилоот ва таҳлил