Сипосномаи Раиси вилояти Суғд ба суханшиносон
Раҷаббой Аҳмадзода – Раиси вилояти Суғд ба муносибати Рӯзи илми тоҷик 6 устоди факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро бо сипоснома қадр намуд.
Ҳамин тавр декани факултети мавриди назар - Муҳаббат Тиллохоҷаева, дотсентон Мӯсо Олимҷонов, Дилбар Бобоҷонова, Шоира Пӯлодова, Замира Ҳомидова ва сармуаллима Башорат Алиева бо сипосномаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода сарфароз гардиданд.
Гуфта мешавад, ки номбурдагон барои саҳми арзанда ва фаъолияти пурсамар дар кори Комиссияи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, рушди соҳаи маориф ва илм, тарбияи ҷавонон ва мутахассисони баландихтисос дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносӣ, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ тақдиронида шуданд.
Маркази иттилоот ва таҳлил