​Муаррифии лоиҳаи "Тарҷума ва мутобиқгардонии бозии Mediajungle барои аудиторияи тоҷик" аз ҷониби устоди донишгоҳ дар анҷумани бошукӯҳ

Тайи чор рӯз аз 20 то 24 феврал дар Донишгоҳи KIMEP воқеъ дар шаҳри Алматои Қазоқистон MediaCamp Эдютон – анҷумани бошукӯҳи edyuton2020 оид ба саводи расонаӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла бо ширкати намояндагони Қазоқистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бо дастгирии Internews баргузор гардид.

Дар маросими ифтитоҳи ин анҷуман MediaCAMP директори минтақавии Internews дар Осиёи Марказӣ Марат Бигалиев, Директори минтақавии миссияи USAID дар Осиёи Марказӣ Кристофер Эдвардс ширкат доштанд ва суханронӣ карданд.

Кристофер Эдвардс зимни суханронии хеш аз ибтикороти Internews ҷиҳати рушди саводи расонаӣ ва баргузор кардани чунин маҳфил пуштибонӣ кард.

-Мо ҳамагӣ муҳим будан ва рушди саводи расонаиро дар миёни ҳамаи истифодабарандагони муҳтаво дарк мекунем ва тайи ин 3 рӯз шумо метавонед, абзорҳоеро дар мавриди баланд бардоштани саводи иттилоотӣ-расонаии шаҳрвандони кишвари хеш омода кунед,- иброз дошт Кристофер Эдвардс.

Дар анҷуман устоди Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”, номзади илмҳои филологӣ Илҳом Ҷамолов (Илҳоми Ҷамолиён) дар мавзӯи "Тарҷума ва мутобиқгардонии бозии Mediajungle барои аудиторияи тоҷик" лоиҳаи худро муаррифӣ кард.

Инчунин, дар ҷараёни фаъолияти анҷуман коршиносони маъуфи минтақавӣ ва хориҷи минтақа, ба мисли Витаут Рудник (Белорус), Шаходат Соҳибназарова (Тоҷикистон), Саида Сулайманова (Ӯзбекистон), Евгений Хабаров (Қазоқистон), Ирина Чистякова (Қирғизистон), Ҷамшед Маъуф (Тоҷикистон), Сергей Штурхецкий (Украина), Рустам Гулов (Тоҷикистон), Марат Садиков (Қазоқистон) барои иштирокдорони маҳфил мавзӯъҳои мубрамро аз қабили "Чӣ гуна дарсҳои расонаомӯзиро метавон таррҳрезӣ кард ва самаранокии онро баҳо гузошт?", "Усулҳои интерактивии таълими рушди тафаккури интиқодӣ", "Технологияҳои бозӣ дар таълими расонаомӯзӣ", “Усулҳои шинохти дасткорӣ ва маълумоти бардурӯғ дар шабакаҳои иҷтимоӣ”, "Абзори рақамӣ дар хидмати расонаомӯзӣ", “Чӣ гуна дасткориро метавон дар фотожурналистика муайян кард?”, "Наворбардорӣ ва коркарди видео дар телефонҳои ҳушёр” ва ғайраро ба баҳс ва баррасӣ кашиданд.

Ҳамчунин дар ин анҷуман иштирокдорони он таҳти назари коршиносон лоиҳаҳои худро дар мавриди мусоидат ба рушди саводи иттилоотӣ-расонаӣ барои мухотабони синну соли гуногун омода ва рӯнамоӣ карданд, ки онҳо аз ҷониби як ҳайати босалоҳияти доварон баррасӣ ва натиҷагирӣ шуд.

Дар маҳфили ҷамъбастии анҷуман ғолибони озмун эълон гардиданд. Аз ҷумла 5 лоиҳа дар доираи барномаи MediaCAMP пуштибонӣ шуданд. Тибқи қарори ҳакамон аз Тоҷикистон ду лоиҳа, аз ҷумла барномаи омӯзишӣ барои кӯдакони синну соли 8-12 сола дар давраи таътили тобистона таҳти унвони “Кӯдакон ва шабакаҳо”, ҳамчунин офлайн-тренингҳо барои донишҷӯёни мактабҳои олии минтақаҳои Тоҷикистон таҳти унвони “Саводи иттилоотӣ-расонаӣ дар қулла” баранда шуданд.

Марат Бигалиев, роҳбари Internews CA, дар маросими ҷамъбасти анҷуман таъкид дошт, ки Эдютон — қадами нахустин дар роҳи тӯлонӣ бо номи “саводи иттилоотӣ-расонаӣ” ба шумор меравад.
“Шумо дар ин ҷо дониш ва малакаҳои нав гирифтед, ташаккур аз шумо.
Эьютон, ба мо ҳамчун ташкилкунандаи ин маҳфил, имкониятҳои нав ба навро фароҳам меоварад. Аз ҷумла, мо таҳлил хоҳем кард, ки минбаъд кадом самтҳоро дар ин бобат пуштибонӣ намоем.
Ғолибон дар доираи барномаи MediaCAMP пуштибонии молӣ хоҳанд дош, аммо ба шарте, ки тавсияҳои ҳайати ҳакамонро ба инобат гирифта, лоиҳаҳои худро такмил кунанд”.

Дар поёни MediaCamp Эдютон оид ба саводи расонаӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки зери шиори "Интерактив, бозӣ ва визуализатсия" ҷараён дошт, ба иштирокдорони он сертификатҳо супорида шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ