​Геоэкология: Вохӯрӣ бо волидон

Ҷиҳати баррасии ҷанбаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раванди татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва густариши равобити падару модарон бо МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” бо волидони донишҷӯёни курсҳои якум ва дуюми ихтисосҳои мухталифи факултети геоэкология вохӯрӣ ташкил ва гузаронида шуд.

Дар вохӯрӣ намояндагони Раёсати Вазорати корҳои дохилли Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ширкатдорон доир ба масоили Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҷлиси Олӣ ва мардуми кишвар, ҳуқуқу уҳдадории падару модар, пешгирии ҷавонон аз ҳодисаҳои номатлуб ва шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротгароӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва тарғиби ахлоқи ҳамида баромад намуда, андешаҳои судманд баён доштанд.

Дар интиҳо, устодони факултет ва падару модарон доир ба раванди таълим мубодилаи афкор намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ