​Дар доираи Ҳафтаи байналмилалии молия намояндагони ҶСП “Спитамен Бонк” бо донишҷӯён мулоқот намуданд

Имрӯз 23-юми апрел, дар доираи Ҳафтаи байналмилалии молия вохӯрии кормандони Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Спитамен Бонк” бо донишҷӯёни ихтисоси иқтисодиёти ҷаҳонии факултети иқтисодии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баргузор гашт.

Чорабинии мазкурро мудири кафедраи иқтисодиёти ҷаҳонӣ Шарипова Дилафрӯз ифтитоҳ намуда, доир ба аҳдофи он сухан кард. Ҳамчунин Адиба Юлдошева, сардори шуъбаи амалиётӣ-хазинадор, Ҷамшед Каримов, сардори шуъбаи қарздиҳии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Спитамен Бонк” ҳарф зада, бо донишҷӯён дар мавзӯъҳои иқтисодиёт, меҳнат, истеҳсолот, мубодила, молу маҳсулот, пул, нархҳо, фоида, талабот, бозори рақобат, эҳтиёҷот ва хоҳиш, сарчашмаҳои даромад, хароҷот, соҳибкорӣ, омилҳои асосии фаъолияти соҳибкорӣ ва “Старт-ап” – ҳои муваффақ бо пешниҳоди слайдҳои ҷолибу шавқовар табодули афкор намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки ҳамасола бо иқдоми байналмилалии Global Money Week дар тамоми дунё Ҳафтаи байналмилалии молия барои кӯдакон ва ҷавонон бо мақсади васеъ кардани имконияти онҳо, ҷиҳати ба роҳ мондани ояндаи масъулонаи молиявӣ ва ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва хизматрасониҳои молиявӣ гузаронида мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ