​Касби мақоми ифтихории донишҷӯи донишгоҳ дар озмуни вилоятии “Русская песня”

Дар Идораи телевизиони вилояти Суғд даври вилоятии фестивал-озмуни “Русская песня” баргузор гардид, ки дар он Фирдавс Сангинов, донишҷўи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафурв сазовори ҷойи дуюм гардид.

Тавре ки дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд иттилоъ медиҳад, озмун миёни 27 нафар аз рўйи се номинатсия: академӣ, эстрадӣ ва халқӣ сурат гирифта, ғолибон бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ мукофотонида шуданд.

Бояд қайд намуд, ки фестивал-озмуни “Русская песня” ҳамасола баргузор мегардад. Ҳадаф аз баргузории он бедор намудани таваҷҷуҳи хонандагон ба забони русӣ, дарёфти истеъдодҳои нав ва таҳкими муносибатҳои дӯстона байни Тоҷикистону Русия мебошад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ