​Намоиши китобҳои илмӣ-оммавӣ, бадеӣ ва дарсӣ барои устодон ва магистрантон

Дар китобхонаи марказии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо мақсади муаррифии номгӯйи китобҳо ва ҷалби бештари устодону магистрантон ба китоб ва китобхонӣ намоиши китобҳои илмӣ-оммавӣ, бадеӣ ва дарсӣ барои устодон ва магистрантони факултаи филологияи тоҷик ва филологияи ӯзбек баргузор гашт.

Директори Китобхонаи марказии донишгоҳ, номзади илмҳои филологӣ - Дилбар Самадова баён дошт, ки ҷомеа замоне саодатёр мешавад, ки мутолиа кори ҳаррӯзааш бошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба китобу китобхонӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, қайд карданд, ки китобхонаҳо бояд ба маркази муҳими илму фарҳанг табдил дода шаванд, зеро китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад.

Ба нигоҳи мудири кафедраи адабиёти муосири факултети филологияи тоҷик - Субҳони Аъзамзод иқдоми мазкур имкон фароҳам меоварад, ки ҷомеаи устодони донишгоҳ аз хазинаи пурғановати китобхона аз наздик ошно гардида, аз он фаровон истифода баранд.

“Иқдоми мазкур, шоистаи таҳсин ва ибрат буда, барои мо – устодони донишгоҳ имкон фароҳам овард, ки аз номгӯйи китобҳои нави махзани китобхона огоҳ шавем” – гуфт, Мавҷуда Ӯрунова, мудири кафедраи адабиёти муосири факултети филологияи тоҷик.
Директори китобхона, зикр дошт, ки дар китобхонаи марказӣ ҷиҳати ташкили утоқи алоҳидаи мутолиа барои устодон баҳри фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ корбарӣ шуда истодааст.

Маврид ба зикр аст, ки китобхонаи донишгоҳ дорои таърихи 87 сола буда, дар махзани он беш аз 300 000 китоб мавҷуд аст. Дар фонди китобхона беш аз 2 000 китоби нодир маҳфуз аст, ки таърихи 100, 200 ва 300 сола дорад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ