Касби 12 мақоми ифтихории донишҷӯёни ДДХ дар Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
28 ва 29-уми майи соли равон, дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Олимпиадаи ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020-2021 таҳти унвони "Дониш талабу бузургӣ омӯз..." баргузор гашт.
Дар Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ 14 донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз рӯйи 14 соҳаи илм ширкат варзида, 2 мақоми аввал, 3 ҷойи дуюм, 1 зинаи сеюм ва 6 мавқеи дигари ифтихориро касб намуданд.
Пас аз натиҷагирӣ Парвина Азимова – донишҷӯи соли дуюми ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик аз фанни забон ва адабиёти тоҷик, Рухшона Хидирова – донишҷӯи соли чоруми ихтисоси забони англисӣ аз фанни забони англисӣ, зинаи аввал, Назира Тухтарова – донишҷӯи соли дуюми ихтисоси забон ва адабиёти рус аз фанни забони русӣ, Исмоилхон Нарзиев – донишҷӯи соли чоруми ихтисоси информатика аз фанни технологияи информатсионӣ, Фарҳод Ҳоҷиев – донишҷӯи соли чоруми ихтисоси таърих ва ҳуқуқ аз фанни таърихи халқи тоҷик, мақоми дуюм, Мубинҷон Рустамов – донишҷӯи соли дуюми ихтисоси физика ва математика аз фанни физика ҷойи сеюмро касб намуданд. Ҳамзамон 6 донишҷӯи донишгоҳ аз фаннҳои математика, биология-экология, фалсафа, сиёсатшиносӣ, географияи иқтисодии Тоҷикистон бо асосҳои демография ва педагогикаи умумӣ ҷойҳои ифтихориро соҳиб гашта, бо ифтихорномаҳо қадр гаштанд.
Тибқи иттилои Эҳсони Хушбахт – сухангӯи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар олимпиадаи мазкур 378 донишҷӯи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар байни ҳам рақобат намуданд, ки дар натиҷа 102 донишҷӯ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гаштанд.
Дар байни 35 муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров се мақоми аввалро соҳиб гаштанд.
Маркази иттилоот ва таҳлил