Истифодаи тахтаи интерактивӣ ва маводи мултимедӣ дар раванди таълим
Бо ташаббуси кафедраи умумидонишгоҳии информатика дар факултети филологияи тоҷик семинари илмӣ-намунавӣ таҳти унвони “Истифодаи тахтаи интерактивӣ ва маводи мултимедӣ дар раванди таълим” гузаронида шуд.
Нахуст, мудири кафедраи мазкур, дотсент Ҳусенбой Аҳмедов сухан карда, зикр намуд, ки ҳадафи асосии семинар самаранок гардонидани фаъолияти омӯзгорон оид ба истифодаи технологияи иттилоотӣ дар раванди таълим мебошад. Ӯ афзуд, ки таҳти роҳабрии ректори донишгоҳ, профессор Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло дар МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” ба масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати дониш ва тарбияи мутахассисони ба талаботи замони имрӯза ҷавобгӯ эътибори ҷиддӣ дода мешавад.
Сипас, муаллими кафедраи умумидонишгоҳии информатика Маъруфҷон Норбобоев дар мавзӯи “Истифодаи тахтаи интерактивӣ дар раванди таълим” баромад карда, ҳозиринро бо тарзи истифодабарии тахтаи интерактивӣ шинос намуд.
Баъдан, муаллимаи кафедраи умумидонишгоҳии информатика Сабрина Ишонова дар мавзӯи “Истифодаи маводҳои мултимедӣ дар раванди таълим” баромад карда, дар бораи истифодабарии барномаи UV Screen Camera дар раванди таълим маълумот дод.
Семинари илмӣ-намунавӣ бо табодули афкори устодон анҷом пазируфт.
Маркази иттилоот ва таҳлил