​Донишҷӯёни донишгоҳ се мақоми аввалиро дар озмуни вилоятии “Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ” соҳиб гаштанд

Ғолибони озмуни вилоятии “Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ дар соли 2019” муайян ва бо сипосномаву мукофотпулиҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд қадршиносӣ гардиданд. Мукофотҳоро ба ғолибони озмун Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода тақдим намуд.

Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд озмун миёни хонандагони макотиби таҳсилоти миёнаи умумӣ ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсус ташкил гардида, тибқи баҳогузории ҳакамон дар байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии вилоят се донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мақоми ифтихориро касб намуданд.

Моҳрў Қурбонзода - магистранти соли дуюм соҳиби ҷойи якум, бо сипоснома ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 2000 сомонӣ, Зебохон Муллобоева - донишҷўи соли чоруми факултети филологияи тоҷик, соҳиби ҷойи дуюм, бо сипоснома ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 1500 сомонӣ ва Манижа Воситзода - донишҷўи соли сеюми факултети филологияи рус, соҳиби ҷойи сеюм, бо сипоснома ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 1000 сомонӣ қадр гардиданд.

Мавриди зикр аст, ки озмуни вилоятии “Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ дар соли 2019” бахшида ба 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва бо мақсади ҷалби кӯдакону наврасон ба китобхона ва китобхонӣ, баланд бардоштани маънавиёту маърифати онҳо, боло бурдани завқи худогоҳию худшиносӣ, инчунин устувор намудани робитаи хонандагон бо китобхона роҳандозӣ шудааст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ