​Оилаи солим – интихоби беҳтарин. Аксияи тарғиботии маҳфили “Пайравони Пешвои миллат”

6-уми июни соли 2019, дар доираи нақшаи чорабиниҳои маҳфили “Пайравони Пешвои миллат”-и Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” аксияи тарғиботии “Оилаи солим – интихоби беҳтарин” дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Хуҷанд бо мақсади пешгирии вируси норасоии масунияти одам ва дигар бемориҳои сироятӣ ташкил ва баргузор гардид.

Дар аксия аз тарафи ҳайати маҳфил ба ҷавонон 100 адад варақаи иттилоотӣ дастрас шуда, доир ба пешгирии ВНМО/БПНМ бо истифода аз аёният маълумоти судманд пешниҳод гардид.

Қайд карда шуд, ки аз рӯзи пайдо шудани ин беморӣ дар ҷаҳон тақрибан 60 миллион нафар ба вируси норасоии масъунияти бадан (ВИЧ) сироят ёфтанд, ки аз онҳо 20 миллион ба ҳалокат расиданд. Мувофиқи нишондоди оморӣ 45% гирифторони бемории СПИД-ро ҷавонони аз 19 то 40 сола ташкил медиҳанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ