​ДДХ: Мусобиқоти вилоятӣ оид ба бокс​

Байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят ва наврасони солашон 2003-2004, бахшида ба 70-солагии аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мураббии мактаби варзишӣ оид ба бокс, номзади илмҳои таърих, мудири шуъбаи тарбияи ҷисмонии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд баноми академик Бобоҷон Ғафуров, шодравон Анвар Абдурасулов мусобиқаи вилоятӣ оид ба бокс ташкил ва гузаронида шуд.

Дар мусобиқа наздики 100 донишҷӯ аз МДТ "Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров", Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент, Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии шаҳри Бӯстон, Академияи №4-уми Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, , Коллеҷи тарбияи ҷисмонии шаҳри Бӯстон ва наврасон аз мактабҳои варзишии шаҳру навоҳии Хуҷанд, Истаравшан, Бобоҷон Ғафуров, Спитамен, Исфара ва Ҷаббор Расулов иштирок ва байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.

Ғолибон бо диплом, медал ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ