Боздиди донишҷӯён аз намунаи олии манзилдории тоҷикон
Бахшида ба солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва бо мақсади татбиқи нақшаи чорабиниҳои умумидонишгоҳӣ ҷиҳати рушди сайёҳии дохилӣ, ҳифзу гиромидошти таърих ва фарҳанги куҳани аҷдодӣ, эҳтироми анъанаҳои миллӣ ва баланд бардоштани маърифату ҷаҳонбинӣ як гуруҳ донишҷӯёни факултети таърих ва ҳуқуқ аз хона-музейи “Анора” дар ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздид ба амал оварданд.
Дар доираи ин тадбир, ба донишҷӯён директори хона-музей, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Нозимҷон Усмонов оид ба таъриху ҳадафи таъсиси осорхона, тарзи зисту зиндагонии аҷдодӣ маълумот дода, зикр кард, ки дар хона-музей нигораҳои таърихи 500 сола ва 1000 сола дошта низ маҳфуз мебошанд.
Дар ин ҷо донишҷӯён аз хонаи қадимаи тоҷикон, ки бо санъати миллӣ ороиш ёфта, бо ашёи рӯзгор ва асбобҳои мусиқӣ ҷиҳозонида шудааст, дидан намуданд. Нигораҳои хона-музей мероси модаркалон ва бобояшон, ки иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ буданд, ба ҳисоб меравад. Як қатор ашёи қадима низ харидорӣ ва ба намоиш гузошта шудааст.
Навъҳои гуногуни кӯза, табақҳои сафолин, қошуқи чубин, табақҳои аз чӯб сохташуда, чанд намуди танӯр, оташдони давраи қадима, сабадҳои гуногун, обдастаҳо, ҷувози майда ва калон, кафшҳои қадима, тарозуи давраи қадим, лаҷом ва зин барои асп, асбобҳо барои шудгори замин, ба монанди чок, бел ва омоч, либосҳои қадима номгӯи ашёест, ки дар хона-музей нигаҳдорӣ мешавад.
Ҳамчунин ба донишҷӯён маълумот дода шуд, ки хона-музей ба макони тамошои садҳо нафар сайёҳони дохиливу хориҷӣ табдил ёфта, онҳо бо намунаҳои санъати миллии тоҷикон шинос мегарданд.
Донишҷӯён азм доранд, ки минбаъд низ ин иқдомро идома бахшида, аз мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ бештар дидан намоянд.
Маркази иттилоот ва таҳлил