​Чорабинии варзишӣ дар намуди шашка ва шоҳмот баргузор гашт

Бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани сатҳи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ дар байни занон, бахшида ба Рӯзи модар байни бонувони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар асоси нақшаи кории Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд чорабинии варзишӣ дар намуди шашка ва шоҳмот баргузор гардид.

Дар оғоз, раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилоят Мӯсобек Мироватов дар бораи мақсаду мароми чорабинии мазкур ёдоварӣ намуда, қайд кард, ки солҳои охир бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иншооту майдончаҳои варзишии зиёде сохта ба истифода дода мешаванд, ки бешубҳа барои обу тоб ёфтани насли наврас ва ҷавонон хидмат мекунад. Дар вилояти Суғд низ ҷиҳати татбиқи сиёсати оқилонаи Пешвои муаззами миллат таҳти роҳбарии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба соҳаи варзиш диққати махсус зоҳир гардида истодааст.

Пас аз қуръапартоӣ байни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олӣ ба бозии байни дастаҳо оғоз бахшида шуд. Ҳамин тариқ байни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷойи аввалро дар намуди шоҳмот омӯзгор аз ноҳияи Ҷаббор Расулов, Бахтигул Абдуллоева ва дар намуди шашка омӯзгор аз шаҳри Исфара, Ҳилола Исроилова сазовор гардиданд. Байни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ҷойи аввалро дар намуди шашка Мусабехон Холматова устоди МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” ва дар намуди шоҳмот Райҳона Мирмаматова аз Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон сазовор гардиданд. Ғолибони чорабинии варзишӣ бо туҳфаҳои Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилоят сарфароз гардонида шуданд.

Макрази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ