​Озмуни умумиҷумҳуриявии “Донишҷӯи сол-2019”

Ба таваҷҷуҳи донишҷӯёни Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” расонида мешавад, ки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии донишҷӯёни кишвар дар самти илмомӯзӣ, фарҳангдӯстӣ, хештаншиносӣ, меҳанпарастӣ ва ифтихори миллӣ, ғанӣ гардонидани сатҳи ҷаҳонбинӣ ва маърифатнокии донишӯён, таҳким бахшидани тарбияи маънавию ахлоқии ҷавонон ва дарёфти донишҷӯи беҳтарин, лаёқадманд, соҳибмаърифат ва ташаббускор озмуни умумиҷумҳуриявиро миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии мамлакат таҳти унвони “Донишҷӯи сол-2019” эълон намудааст.

Даври аввали озмун дар муассиса то санаи 1-уми ноябри соли ҷорӣ баргузор ва номзадии донишҷӯи беҳтарин ҷиҳати иштирок дар даври ниҳоӣ(ҷумҳуриявӣ) ба унвонии Кумита то 15-уми ноябри соли ҷорӣ пешниҳод карда мешавад.

Ҷиҳати дастарасӣ ба маълумоти бештар ба Шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ муроҷиат намоед.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ