​Довталаб-2021: Ояндаи зебо аз интихоби дуруст вобаста аст!

1 02 03 07-01 – таҳти ин рамз дар рӯйхати ихтисосҳои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ихтисоси забони хориҷӣ (Забон ва адабиёти ӯзбек, забон ва адабиёти тоҷик)-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро омадааст!

Таъсиси ин ихтисос тақозои талаботи замон буда, барои таъмини эҳтиёҷи минтақаҳои мухталифи ҷумҳурӣ бо омӯзгорон пешбинӣ шудааст.

Шакли таҳсил дар ихтисоси мавриди назар рӯзона ва ғоибона буда, намуди он шартномавӣ ва муҳлати таҳсил 5 сол аст.

Донишҷӯ баъди хатми ин ихтисос ҳамчун омӯзгор аз рӯи ихтисосҳои забону адабиёти тоҷик ва забону адабиёти ӯзбек фаъолият мебарад.

Рамзи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 109 сабт гардидааст.

Марҳабо ба махзани илму маърифат ва макони нуру зиё!

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ