110 нафар ғолиб дониста шуд

28-29 майи соли ҷорӣ бахшида ба таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҳти унвони «Дониш талабу бузургӣ омӯз…» олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, ки дар он аз 35 муассиса 378 нафар донишҷӯ аз рӯйи 14 фанни таълимӣ – фалсафа, химия, таърихи халқи тоҷик, география, технологияи информатсионӣ, физика, забони англисӣ, забон ва адабиёти тоҷик, забони русӣ, педагогика, назарияи иқтисодӣ, математика, биология-экология ва сиёсатшиносӣ донишу малакаи худро санҷиданд.

27 май дар истироҳатгоҳи “20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” чорабинии фарҳангию фароғатии “Шоми ҷавонӣ” доир шуд. Зимни суханронии иштирокдорони чорабинӣ зикр гардид, ки ҳадаф аз ин иқдом баланд бардоштани рӯҳияи иштирокчиён ва болида нигоҳ доштани табъи донишҷӯён дар арафаи иштирок дар олимпиада аст.

- “Шоми ҷавонӣ” донишҷӯёни 35 муассисаи таҳсилоти олии кишварро ба ҳам оварда, ҷиҳати таҳкими дӯстии ҷавонон ва баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстии онҳо замина гузошт,-зикр кард муовини вазири маориф ва илм Д.Қодирзода.

Дар доираи ин чорабинӣ донишҷӯён шеъру суруд хонда, саҳнаҳои ҳаҷвӣ ба намоиш гузоштанд.

28 май дар саҳни Кохи фарҳангии «Суғдиён» намоишгоҳи дастовардҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилояти Суғд баргузор гардид. То оғози чорабинӣ тамоми иштирокдорон аз намоишгоҳ дидан намуда, таассуроти нек бардоштанд.

Зимни боздиди меҳмонон, ректорони муассисаҳои таълимӣ дастовардҳои муассисаҳоро муаррифӣ намуда, таъкид мекарданд, ки маҳз чизеро ба намоиш гузоштаанд, ки дар доираи эълон шудани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ», озмунҳои ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» омода шудааст. Шурӯъ аз китобҳои дарсию бадеии таълифшуда, то ихтироъкорию навоварии донишҷӯёну омӯзгорон ба намоиш гузошта шуда буд, ки воқеан, диданӣ буд.

Баъд аз боздид аз намоишгоҳи дастовардҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилояти Суғд дар Кохи фарҳангии «Суғдиён» бо иштироки Масрур Абдуллозода-мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Диловар Қодирзода-муовини вазири маориф ва илм, Тоҷибой Султонӣ-мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилояти Суғд, Рамазон Одиназода-раиси Иттифоқҳои касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ректорон ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва иштирокчиёни олимпиада-донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар маросими ифтитоҳии олимпиада доир гардид.

Чорабиниро муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Қодирзода ифтитоҳ намуда, оид ба ҳадафи ташкили олимпиада сухан кард. Номбурда таъкид намуд, ки имсол Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз рӯйи 14 фанни таълимӣ ҷараён гирифта, ҳадаф аз ин ташаббус дарёфти ҷавонони лаёқатманду соҳибмаърифат, кашфи истеъдодҳои ҷавон ва донишҷӯёни соҳибистеъдод, тавсеаи неруи зеҳнӣ, баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи касбӣ, муайян намудани сатҳи дониш ва тафаккури донишҷӯён маҳсуб меёбад.

Ҳамзамон, Масрур Абдуллозода-мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Тоҷибой Султонӣ, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилояти Суғд ва Ҷамшед Ҷӯразода-ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров доир ба зарурати ташкили олимпиада ва намудҳои гуногуни озмунҳо байни ҷавонон, нақши илму маориф ва ҷойгоҳи масоили марбут ба рушди илму маориф дар сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан карданд. Гуфта шуд, ки олимпиадаи ҷумҳуриявӣ дар баробари муаррифӣ намудани ҷавонони соҳибмаърифат, инчунин ҷиҳати таъмини пешрафти соҳаҳои илму маориф заминаи мусоид фароҳам меорад.

Сипас, Наврӯз Мирзозода-муовини сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф ва илм довталабонро бо шартҳо ва тартиби баргузории озмун шинос намуд.

Олимпиада кори худро дар синфхонаҳои факултети забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров оғоз кард. Дар олимпиада аслан иштирокдорон ба саволномаҳои тестӣ ҷавоб дода, ҳамзамон, аз фанни забон ва адабиёти тоҷик эссе ва аз фанни забони русӣ нақли хаттӣ низ навиштанд.

Саволномаҳои тестӣ аз ҷониби Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, лифофаҳо дар назди донишҷӯён кушода шуда, натиҷаи он низ тавассути компютер санҷида шуда, пешниҳоди иштирокчиён гардонида шуд. Мавзӯъҳои эссе аз мавзӯъи озоду адабиёти классику муосир иборат буд. Ба навиштани эссе нафароне ҳуқуқ пайдо карданд, ки ба беш аз ҳафтод дарсади саволҳои тестӣ пурра дуруст ҷавоб дода, холи гузаришро аз худ кардаанд.

Рӯзи дуюми олимпиада, аз соати 07:30 комиссияи апеллятсионӣ ба кори худ шурӯъ кард. Нахуст, тасмим буд, ки ба апеллятсия танҳо нафароне роҳ дода шаванд, ки аз 50 хол зиёд гирифтаанд, аммо баъд аз машварати гурӯҳи корӣ ва бо мақсади таъмини шаффофияту ҳавасмандсозии донишҷӯён ба ҳама имкон даст дод, ки ариза пешниҳод кунанд. Аксари аризадиҳандагон аз он таъкид мекарданд, ки танҳо мехоҳанд бо натиҷаи кори худ шинос шаванд ва барои оянда камбудиҳоро ислоҳ созанд.

Аммо баръакси ин нафарон, донишҷӯёне низ буданд, ки соатҳо баҳс карда, исбот мекарданд, ки андешаашон дуруст аст. Масалан, Рухшона Намозова-донишҷӯи курси 4-уми факултаи филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки тибқи натиҷаҳои пешакӣ аз фанни забон адабиёти тоҷик соҳиби ҷойи дуюм гардида буд, баъд аз баҳсу талошҳои зиёд ва исботи дурустии ҷавобҳои худ дар назди ду нафар устод тавонист, ки соҳиби 5 холи иловагӣ аз санҷиши тестӣ гардад ва баҳои эссеи худро аз 4/4 ба 5/4 иваз намуда, сазовори ҷойи 1-ум шавад.

Чунин рақобат ва баҳсу талошҳои донишҷӯён аз фанни сиёстшиносӣ, физика ва забони англисӣ низ ба мушоҳида мерасид. Ин гуна рақобат ва талошҳо гувоҳ аз он буд, ки ҳар нафар мехоҳад исбот созад, ки ӯ арзандаи ин ё он ҷой аст. Ва воқеан, мушоҳида мешуд, ки сатҳи донишу тафаккур ва ҷаҳонбинии донишҷӯён нисбат ба солҳои қаблӣ бамаротиб фарқ мекунад.

Нимаи дуюми рӯзи 29-уми май дар Кохи фарҳангии «Суғдиён» бо иштироки Диловар Қодирзода-муовини вазири маориф ва илм, Рамазон Одиназода-раиси Иттифоқҳои касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ректорону намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва донишҷӯён маросими ҷамъбастии олимпиада доир гардид.

Баъд аз натиҷаи олимпиада ва хулосаи комиссияи апеллятсионӣ маълум гардид, ки аз 378 нафар иштирокчӣ 27 нафар соҳиби ҷойи 1-ум, 30 нафар соҳиби ҷойи 2-юм ва 33 нафар соҳиби ҷойи 3-юм гардидаанд.

Ҳамчунин, мувофиқи натиҷаи кори комиссия ва дар асоси ҷойҳои бадастовардаи донишҷӯён дар байни 35 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ҷойи якумро Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ҷойи дуюмро Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва ҷойи сеюмро Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров соҳиб шуданд.

Дар фазои тантанавӣ ба ғолибони ҷойҳои 1, 2 ва 3-юм Диплом ва дигар туҳфаҳои таъсиснамудаи кумитаи тадорукоти олимпиада тақдим карда шуд. Илова ба ин, ба 20 нафар, ки сазовори ҷойҳои 4-5-ум гардидаанд, ҳамчун мақоми ифтихорӣ “Ифтихорнома”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Зимни баргузории олимпиада, фаъолияти комиссияи апеллятсионӣ ва баҳсҳои шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби устодон, донишҷӯён ва истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ таклифу пешниҳодҳое низ рӯйи кор омаданад.

Масалан, М.Шарифзода-ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба ин андеша аст, ки озмуну олимпиадаҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мутаносибан ба теъдоди донишҷӯён ва бо дарназардошти имтиёзҳои муайян баргузор карда шаванд. Зеро дар бархе аз муассисаҳо беш аз 20 ҳазор донишҷӯ ва дар бархеи дигар наздик ба 3 ҳазор донишҷӯ таҳсил менамоянд.

Ҳамчунин, Бахтиёри Маҳмадалӣ-ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон зикр кард, ки минбаъд олимпиадаҳо на аз рӯйи фанҳои таълимӣ, балки аз рӯйи ихтисосҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ баргузор карда мешуд, ба мақсад мувофиқ буд. Инчунин, З.Зайниддин-муовини ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон пешниҳод кард, ки агар олимпиадаи фаннӣ мувофиқи тахассус ҷудо карда мешуд, шумораи ғолибон боз зиёдтар мешуд. Яъне, дар олимпиада новобаста аз ихтисос, донишҷӯёни макотиби олӣ аз фанни математика, физика, химия ва ё дигар фан иштирок доштанд, аммо қувваҳо нобаробар буданд. Ба он хотир, ки ин фанҳо барои баъзе донишҷӯён ихтисосе аст, ки мувофиқи он васеъ ва аз лиҳози касбӣ таҳсил мекунад, барои баъзеи дигар не.

Н. Маъмурзода-сармуҳаррири рӯзномаи «Хатлон» пешниҳод дорад, ки дар чунин олимпиадаву озмунҳо донишҷӯёни ихтисосҳои журналистӣ низ ҷалб карда шаванд.

-Дар 8 донишгоҳу донишкадаи ҷумҳурӣ аз рӯйи ихтисоси рӯзноманигорӣ мутахассис омода мекунанд. Дар ин муассисаҳо журналистика таълим дода мешавад, барномаи таълимӣ дорад ва як соҳаи илм асту пажӯҳишҳои илмӣ анҷом дода мешавад. Асосҳои эҷод, жанрҳо, сотсиологияву психологияи журналистӣ, таъриху назария, шинохт ва вижагиҳои типҳои ВАО аз ҷумлаи масъалаҳое ҳастанд, ки на танҳо ҳунари нигорандагӣ, балки дониши расо мехоҳад. Аммо олимпиада бошад, майдони санҷиши донишу маҳорат аст,-таъкид кард Н.Маъмурзода.

Дар ҳамин ҳол, Наврӯз Мирзозода-муовини сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ба ин андеша аст, муассисаҳое, ки аз рӯи ихтисосҳои энергетикӣ, иқтисодӣ, сохтмон ва амсоли инҳо мутахассис омода менамоянд, дар онҳо фанҳои математика, физика, химия, назарияи иқтисод аз фанҳои заминавӣ ба ҳисоб мераванд ва саволҳо дар доираи ин фанҳо таҳия мешаванд. Ба ҳамин монанд, дигар ихтисосҳоро низ метавон ном бурд, ки ин ё он фанни таълимӣ ҳамчун фанни асосӣ дар он ихтисос ба донишҷӯён омӯзонида мешавад.

Дуруст ба роҳ мондани фаъолияти бахшҳои илмии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар самти омода намудани дастаҳои олимпӣ ва дарёфти донишҷӯёни соҳибистеъдоду лаёқатманд аз зумраи корҳоест, ки бояд роҳбарияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба он диққати ҷиддӣ зоҳир намоянд.

https://www.maorif.tj/ahborot/110-nafar-olib-donis...

Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм,

Маркази иттилоот ва таҳлили ДДХ

ба номи академик Б.Ғафуров


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ