​"Ҷавонон - пайрави Пешвои миллат" - аксия бахшида ба "Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон"

Нимаи дуюми рӯзи 14 майи соли 2019, тибқи нақшаи якҷояи шуъбаи кор бо ҷавонони МДТ "Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров" ва Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар кӯчаву хиёбон ва боғу гулгаштҳои шаҳри Хуҷанд аксияи тарғиботӣ таҳти унвони "Ҷавонон - пайрави Пешвои миллат" баргузор гардид.

Дар ҷараёни аксия ҳайати маҳфили "Пайравони Пешвои миллат"-и донишгоҳ ба ҷавонон варақаҳои иттилоотиро дастрас намуда, доир ба рӯзгори ибратбахш, хизматҳои содиқонаву тақдирсоз дар назди халқу Ватан ва сиёсати мардумпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳарф заданд.

Ҷавонон бо шукргузорӣ аз фазои осоиштаи Тоҷикистони соҳибистиқлол иброз доштанд, ки дастгирӣ ва роҳнамоиҳои Пешвои миллат мо ҷавононро водор месозад, ки баҳри пешрафти имрӯзу фардои кишвар, мустаҳкам кардани пояҳои истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ дар ҷумҳурӣ кӯшиш намоем.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ