Тақвияти корҳои тарбиявӣ

Дар толори хурди раёсати донишгоҳ бо иштироки муовини ректор оид ба тарбия профессор Усмонов Аюбҷон ва масъулини шуъбаи тарбия ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа муовинони декани факултетҳо оид ба корҳои тарбия, саркураторон, роҳбарони кумитаи волидайни донишҷӯёни донишгоҳ ва масъулони кафедраҳои умумидонишгоҳӣ оид ба корҳои тарбиявӣ иштирок намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки дар доираи ҷаласа аз рӯйи рӯзномаи он масъалаҳои муҳими марбут ба фаъолияти Шӯрои кураторони гурӯҳҳои академӣ, кумитаи волидайн, тақвияти корбарӣ дар самти баланд бардоштани моҳияти чорабиниҳои тарбиявӣ баррасӣ шуданд.

Муовини ректори донишгоҳ оид ба тарбия масъулони самти тарбияи факултетҳоро муваззаф намуд, ки ҷиҳати дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани як қатор чорабиниҳои муҳим, аз ҷумла Рӯзи ҷавонон тадбирҳои судманд андешида, дар самти омодагиҳо ба имтиҳони ниҳоии донишҷӯёни шуъбаи рӯзонаи факулеттҳои донишгоҳ корбариро ҷоннок намоянд.

Ҳамзамон, дар ҷаласаи мазкур масъалаи вобаста ба шароити зисти донишҷӯён дар хобгоҳ ва ба роҳ мондани иқдоми судманди тарбиявӣ муҳокима шуд.

Ба саркураторон ва масъулони кумитаи волидайни факултетҳо супориш дода шуд, ки бо дониишҷӯён ва волидайнионҳо доир ба масъалаҳои муҳиму мубрам вохӯриҳои муфидро бештар ба роҳ монанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ