​Мактуби иттилоотӣ

Шуъбаи тарбияидонишгоҳ бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонва иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тарбияи худшиносиву худогоҳии миллӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандўстиву меҳанпарастӣ, дар руҳияи зебоишиносиву зебоипарастӣ ба воя расонидани насли ҷавон, эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ ва бештар аз худ намудани муҳтавои Консепсияи миллии тарбия бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», 110-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи адабии давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, устод Мирзо Турсунзода, 80-солагии Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи адабии давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, дорандаи Ҷоизаи байналмилалии «Нилуфар», устод Лоиқ Шералӣ, солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчунин Рушди сиёсати давлатии ҷавонон дар давраи соҳибистиқлолӣ барои нашри силсилаи «Роҳнамои тарбия» дар соли 2021 қабули мақолаҳоро эълон менамояд.

ТАЛАБОТИ ҚАБУЛИ МАҚОЛА:

  • Риояи меъёрҳои нигориши мақолоти илмӣ тибқи муқаррарот.
  • Матолиби мақола бояд дар ягон рўзнома ва маҷаллаҳо мунташир нагардида бошад.
  • Ҳаҷми мақола 6-8 саҳифа (формати А-4)-ро дар бар гирад.
  • Ҳуруфи асосӣ Times New Roman Tj буда, андозаи ҳарф 14 ва фосилаи байни сатрҳо 1,5 бошад.
  • Ному насаби муаллиф / муаллифон, вазифа ва ҷойи фаъолияти онҳо бо ҳарфҳои калон ва пурра қайд карда шавад.
  • Номи мақола бо ҳарфи калон навишта шавад ва матни асосии мақола пас аз сатри пурра оварда мешавад.
  • Рӯйхати адабиёти истифодашударо зикр кардан ҳатмист.
  • Муҳлати пешниҳоди мақолаҳо то санаи 25-уми июни соли 2021 муқаррар карда шудааст.
  • Мақола дар шуъбаи тарбияи донишгоҳ (утоқи 101, 102 ва 113) ба таври чопӣ ва электронӣ қабул карда мешавад.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ