​Сафи устодону донишҷӯёни китобхон дар ҳоли афзоиш аст

Танҳо дар 7 рӯзи охир ба шуъбаи толори хониши Китобхонаи марказии МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” 882 нафар устодону донишҷӯён ташриф оварда, 2 336 адад китоб дастрас ва мутолиа намудаанд. Шумораи онҳое, ки ба шуъбаи электронии Китобхонаи марказии донишгоҳ ташриф оварданд, 470-ро нишон медиҳад.

Мувофиқи маълумоти оморӣ шумораи умумиии аъзои Китобхонаи марказии Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” 10 ҳазору 325 нафарро ташкил медиҳад.

Роҳбарияти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ тадбирҳои муҳими амалиро ба роҳ мондааст ва талош дорад, ки сафи муштариён ва хонандагони китобхонаро афзоиш диҳад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ