Паёми Президент – дастури пешбарандаи мардуми кишвар
Санаи 26.01.2021 дар аудиторияҳои 401 ва 417 ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯёни ихтисоси кори бонкии факултети иқтисодӣ, Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамошо карданд.
Паёми Сарвари давлат ҳамасола чун қутбнамо ва роҳнамои мардуми сарбаланди кишвар ба таърих ҳамчун ҳуҷҷати муҳими аҳамияти стратегидошта, ки ба таъмини рушди устувори кишвар мусоидат мекунад, тавассути садо ва симои мамлакат мустақиман пахш гардид.
Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.
Аз чумла дар Паёми имсола кайд гардид, ки имрӯз пандемияи коронавирус инсониятро ба тарсу ваҳм дучор намуда, бисёре аз соҳаҳои иқтисодиёти ҷаҳонро зараровар гардонида, ҳамаи кишварҳои дунёро зери таъсири манфии худ қарор додааст.
Инчунин дар Паёми имсола кайд гардид, ки дар соли 2020 аз ҷониби ташкилотҳои қарзии кишвар ҷиҳати коҳиш додани таъсири пандемия ба зиёда аз 260 ҳазор нафар муштариён ба маблағи 2 миллиарду 300 миллион сомонӣ имтиёзҳои вобаста ба қарздорӣ пешниҳод гардида, ба соҳибкорони истеҳсолӣ 4 миллиард сомонӣ қарз дода шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2019–ум ду фоиз зиёд мебошад. Иқтисодиёти кишвар дар соли 2020-ум 4,5 фоиз афзоиш ёфта, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 82,5 миллиард сомонӣ баробар гардид.
Пасандозҳо дар низоми бонкии кишвар дар соли 2020 –ум 17,2 фоиз афзуда, 11,4 миллиард сомониро ташкил карданд, ки ин гувоҳи зиёд шудани даромади аҳолӣ ва эътимоди мардум ба ташкилотҳои қарзӣ мебошад.
Қобили зикр аст, ки дороиҳои низоми бонкӣ аз 311 миллион сомонии соли 2000–ум ба беш аз 26 миллиард сомонӣ дар соли 2020 расонида шуданд.
Дар соли сипаришуда аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисоди кишвар қариб 10 миллиард сомонӣ қарз дода шуд, ки нисбат ба соли 2019–ум 4,6 фоиз зиёд мебошад.
Дар Паем зикр шуд, ки ҳанӯз ҳам нокифоя будани ҳаҷми қарздиҳӣ ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ, низоми сусти идоракунии корпоративӣ, зиёд будани хавфҳои амалиётӣ ва қарзӣ, боқӣ мондани қарзҳои ғайрифаъол, кофӣ набудани ҷалби сармоя ба низоми бонкӣ ва таъсиси намояндагии бонкҳои хориҷӣ ҷиҳати беҳтар намудани маблағгузории корхонаҳои истеҳсолӣ аз ҷумлаи камбудиҳое мебошанд, ки бояд ҳарчи зудтар бартараф карда шаванд.
Аз ин лиҳоз, Бонки миллӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдорро бо дарназардошти таҷрибаи муосири ҷаҳонӣ ба талабот мутобиқ сохта, раванди идоракунии корпоративиро дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва тадриҷан афзоиш додани сармояи ойинномавии онҳоро таъмин намояд.
Дар ин раванд, бояд якҷо бо ташкилотҳои қарзӣ оид ба беҳтар намудани сифати дороиҳои низоми бонкӣ, афзоиш додани пешниҳоди қарзҳои дароз муддат ба соҳибкорони истеҳсолӣ ва фаъол намудани низоми рейтинги миллӣ барои ташкилотҳои қарзӣ ва ширкатҳои суғурта тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.
Ҳамаи ин навигариҳои иқтисодие, кидар Паем омадааст, боиси таккон додани иқтисодиети кишвар мешавад ва барои баланд бардоштани шароити иҷтимоии шаҳрвандони мамлакат кўмак мерасонад.
Ҷавобан ба Паёми Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ањли љомеаи кафедраи Кори бонкї Паёми Президентро чун роҳнамо ва дастури амалӣ қабул намуданд.
Ҳамчунин, дар партави ғамхориҳои пайвастаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушду шукуфоии боз ҳам бештари сарзамин, тинҷиву оромӣ, сулҳу субот талош меварзанд.