4 МЕДАЛИ ТИЛЛОИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ АЗ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ
Дар шаҳри Гонконги Ҷумҳурии Мардумии Чин санаҳои 19-24-уми ноябри соли 2025 Чемпионати Осиё оид ба қаиқронӣ бо иштироки варзишгарони 15 кишвар баргузор шуд.
Дар натиҷаи баргузории ин мусобиқа, донишҷӯёни факултети тарбияи ҷисмонии Донишгоҳ – Бобоҷон Бобоҷонов (то синни 23-сола) дар масофаҳои 3 400 метр ва 16 500 метр 2 медали тилло ва Азимҷон Бобоҷонов (аз 50-сола боло) дар масофаҳои 3400 метр ва 10 600 метр 2 медали тилло ба даст оварданд.
Ба шарафи ин дастовард дар мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ Парчами давлатии Тоҷикистон барафрохта шуд.
Роҳбарият ва ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳ донишҷӯёнро ба ин комёбиҳои варзишӣ табрик гуфта, дар фаъолияти минбаъдаи касбиашон барору муваффақиятҳои нав орзу менамояд.
Маркази иттилоот ва таҳлил