Ҷаласаи Шӯрои олимони донишгоҳ
Дирӯз ҷаласаи Шӯрои олимони Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” таҳти роҳбарии ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода баргузор гардид.
Тибқи рӯзномаи ҷаласа Шӯрои олимон ба кори худ оғоз намуд.
Дар ҷаласа рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар кафедраҳо ва факултетҳои донишгоҳ, Нақшаи чорабиниҳои донишгоҳ ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо тибқи Хулосаи Шӯрои Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф “Дар бораи натиҷаи аттестатсияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” ва вазифаҳо ҷиҳати омодагӣ ба аттестатсияи навбатии донишгоҳ дар соли тақвимии 2021, иҷрои “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, муайян намудани имтиёз ба пардохти маблағи таҳсили муҳассилини ятиму бепарастор ва маъюби дар гуруҳи шартномавӣ таҳсилкунанда ‑ аз масъалаҳои меҳварии рӯзнома буданд, ки перомуни он аз ҷониби ҳайати гурӯҳи корӣ гузориш ироа гардид.
Раиси Шӯро, профессор Ҷамшед Ҷӯразода бо натиҷагирӣ аз баррасии масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа роҳбарони сохторҳо, садорати факултет ва мудирони кафедраҳоро вазифадор намуд, ки ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, омодагӣ ба аттестатсияи навбатӣ, дастгирии ҳифзи иҷтимоии донишҷӯён, такмили омӯзиши забони русӣ ва англисӣ ва дигар масоили ҷорӣ тадбирҳои судмандро амалӣ намоянд.
Бо қабули қарорҳои дахлдор ҷаласаи Шӯрои олимони донишгоҳ анҷом пазируфт.
Маркази иттилоот ва таҳлили донишгоҳ