​Баррасии арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ дар ҷамъомади фарҳангшиносон

Дар кафедраи умумидонишгоҳии фарҳангшиносӣ бо дахл ба масоили арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ конфронси апрелии устодон баргузор гардид.

Дар он мавзӯъҳои “Саҳми Пешвои миллат дар таҷассуми фарҳанги хонаводаи мардуми тоҷик”, “Озодӣ ва масъулияти ахлоқии ҷавонони даврони Истиқлолият”, “Ваҳдати миллӣ – намунаи олии фалсафаи адами зӯроварии тоҷик”, “Меъёр ва арзишҳои фарҳанг”, “Муносибати зан ва мард аз нигоҳи Мавлоно” ва ғайра аз ҷониби устодони кафедра мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Пас аз музокира маърӯзаҳои беҳтарин интихоб ва маводи илмии онҳо барои чоп пешинҳод карда шуд.

Маврид ба зикр аст, ки конференсияи илмӣ-анъанавии устодон, олимони ҷавон, магистрантон ва донишҷӯён бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, “20-солаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ”, 110-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон – Мирзо Турсунзода ва Рӯзи илми тоҷик ба роҳ монда шуда, бо фарогирӣ ва баррасии масъалаҳои муҳимтарини илми муосир дар донишгоҳ 12-уми апрел шурӯъ гашта, он имрӯз бо баргузории як чорабинии бошукӯҳ ҷамъбаст мегирад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ