​Ҷавонон, интихобот ва манфиатҳои миллӣ

Дар Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд таҳти унвониҶавонон, интихобот ва манфиатҳои миллӣ” маҳфили “Пайравони Пешвои миллат” доир гардид.

Дар чорабинӣ масъалаҳои баланд бардоштани дониши сиёсию ҳуқуқӣ, нақши ҷавонон дар маъракаҳои сиёсӣ, аз ҷумла интихобот, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, ҳисси баланди ватандӯстиву хештаншиносӣ, пешгирӣ ва муқовимат бо экстремизм ва терроризм, истифодаи босамари шабакаҳои иҷтимоӣ ва эмин будан аз хавфу хатарҳои ҷаҳони муосир мавриди баррасӣ ва фаҳмонидадиҳӣ қарор дода шуданд.

Киромиддин Мухторов - номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ сухан карда, иброз дошт, ки “Интихобот дар раванди бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ нақши арзишманд дошта, иштироки фаъолонаи ҳар як шаҳрванди кишвар, махсусан ҷавонон асоси таъмини зиндагии шоиста ва пешрафти давлату миллат маҳсуб меёбад.

Тавре дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардид: “Интихобот ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ тавассути изҳори озодона ва ихтиёрии иродаи интихобкунандагон буда, ба таври демократӣ ва озоду шаффоф баргузор намудани он яке аз вазифаҳои муҳими давлат мебошад”.

Дар мавриди ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва суботи ҷомеа қайд гардид, ки “Мафҳуми идеяи миллӣ категорияи ҷузъ буда, ифодакунандаи идеяи ягона – расидан ба сатҳи шоистаи зиндагӣ ва шароити мусоиди иҷтимоӣ барои ҳар фарди ҷомеа мебошад. Арзишҳои дигар бошанд ҳамчун унсурҳои таркибӣ, пурракунанда ва пешбарандаи идеяи ягонаи миллӣ баромад мекунанд. Муҳтавои ин низомро Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин бомаром ифода намудаанд: “Ҳар як сокини кишвар, сарфи назар аз мансубияти милливу динӣ ва ақидаи сиёсии худ бояд дарк намояд, ки ҳам рушди ҷомеа ва ҳам умеду орзуи ў фақат дар сурати пойдории сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ амалӣ шуда метавонад”. Дар баёни мавқеи он бошад, ҳамчун дастоварди бузурги миллат таъкид кардаанд: “Акнун замони он расидааст, ки консепсияи Ваҳдати миллӣ ҳамчун қисми таркибиву тавонбахши андешаи миллӣ таҳкиму тақвият бахшида шавад ва ҳар як шаҳрванди худогоҳу худшиноси кишвар бояд ба қадри ин неъмати муттаҳидсози ҷомеа расад ва онро гиромӣ дорад”.

Дар қисмати дуюми маҳфил байни иштирокдорон табодули афкор сурат гирифт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ