​“Технологияи АDO.NET” соҳиби мақоми аввал гашт

Дар конференсияи илмии бахши информатика ва математикаи ҳисоббарори факултети математика, ки бахшида ба солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва Рӯзи илми тоҷик ҷараён дорад, 12 маъруза аз ҷониби устодону доктарантон пешниҳод гардид.

Дар кори конфронс муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Хайрулло Сабуров ширкат варзид.

Маърузакунандагон доир ба мавзӯъҳои “Сохтани барномаи сплайнҳои дараҷаи якум”, “Як тарзи татбиқи методи итератсия”, “Технологияи АDO.NET”, “Барномаи мултимедиявии «Графикҳо»”, “Як тарзи ҳалли масъалаи омехта барои системаи муодилаи дифференсиалии ғайриклассикии тартиби якум”, “Сохтани барномаи мултимедиявӣ барои таҷҳизоти мобилӣ”, “Истифодаи протседура ва функсияҳои SQL дар C#”, “Кор бо WPF” ва “Коркарди массивҳо” баромад намуда, натиҷаи таҳқиқу тадқиқоти хешро манзур намуданд.

Ҳайати омӯзгорон маърузаи сармуаллим Ҷ. Бекназаровро таҳти унвони “Технологияи АDO.NET” шоистаи мақоми аввал донистанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ