​Соати тарбиявӣ: Дин ва манфиатҳои миллӣ

Раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баҳри татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, ки дар меҳвари фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад, тадбирҳои муҳимро ба роҳ мондааст.

Дар ин замина, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар ҳамкорӣ бо шабакаи телевизионии вилояти Суғд баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ташкилоту созмонҳои террористиву экстремистӣ, истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар масъалаҳои доғи рӯз барномаи телевизионии таҳлилӣ-сиёсии “Амният ва ҷомеа”-ро омода менамояд.

Дар барномаи навбатии “Амният ва ҷомеа” мавзӯи “Дин ва манфиатҳои миллӣ” марвиди баррасии иштирокдорон қарор гирифта, доир ба паҳлуҳои мавзӯъ табодули афкор сурат гирифт.

Дар асоси пешниҳоди устодону донишҷӯён дар соатҳои тарбиявӣ намоиши барномаи телевизионии таҳлилӣ-сиёсии фавқуззикр роҳандозӣ гашт. Баъд аз намоиши барнома устодон ва донишҷӯён доир ба арзишҳои динӣ ва милливу умумибашарӣ, ва дар ин замина дар бораи роҳу василаҳои решакан намудани падидаҳои номатлуб фикру андешаҳои судманд иброз доштанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ