​“Омӯзиши роҳҳои истифодабарии тахтаи интерактивӣ дар машғулиятҳои омӯзгорон” зери ин ном семинари илмӣ-намунавӣ баргузор гашт.

Дар факултети биология ва химия бо ташаббуси кафедраи умумидонишгоҳии информатика семинари илмӣ-намунавӣ оид ба “Омӯзиши роҳҳои истифодабарии тахтаи интерактивӣ дар машғулиятҳои омӯзгорон” гузаронида шуд.

Дар он мудири кафедраи умумидонишгоҳии информатика – Ҳусенбой Аҳмедов сухан карда, аз ҷумла зикр намуд, ки дар партави сиёсати ояндаофари давалт ва ҳукумати кишвар бо мақсади баланд бардоштани сифати таълим ва тарбияи ҷавонони ояндасоз, ворид гардидан ба фазои ҷаҳонии таҳсилот, омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба ниёзҳои замон, мутобиқати мазмуни таҳсилот ба шароити муосир, дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровтаваҷҷуҳи хос зоҳир карда мешавад.

Пас аз он Маъруфҷон Норбобоев, омӯзгори фанни технологияи иттилоотӣ баромад карда, гуфт, ки тахтаи интерактивӣ яке аз таҷҳизоти замонавӣ мебошад, ки тавассути проектори мултимедӣ ва компютер ба кор дароварда шуда, имкониятҳои бениҳоят зиёдеро баҳри баланд бардоштани сифати машғулиятҳо доро аст.

Баъдан иштирокдорон доир ба истифодаи тахтаи интерактивӣ ва имконияти он табодули назар карданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ