​"Пешвои миллат - кафили сулҳу ваҳдат"

Чунин унвон дошт чорабинии адабӣ, ки бо ташаббуси таҷрибаомӯзони факултети геоэкология дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 14 -уми шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

Ташаббуси мазкур аз ҷониби донишҷӯёни соли чорум ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ шуд.

Дар чорабинӣ устодони факултет, омӯзгорони муассиса ва хонандагон иштирок намуданд.

Дар рафти чорабинӣ хонандагон дар васфи сулҳу ваҳдат, истиқлолияти давлатӣ ва хидматҳои Пешвои миллат шеърҳо қироат намуданд.

Ҳамзамон, перомуни мавзӯи ватандӯстӣ суруд низ манзур гардид.

Маврид ба зикр аст, ки дар МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои судманд идома дорад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ