ДДХ: Шиносоии донишҷӯён бо фаъолияти Китобхонаи марказӣ

Донишҷӯёни бахши якуми факултети молия ва иқтисодиёти бозор бо фаъолияти Китобхонаи марказии донишгоҳ шинос шуданд.

Директори Китобхонаи марказӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Дилбар Самадова зимни суҳбат бо донишҷӯён оид ба имконияти китобхона иттилоъ дод. Таъкид гардид, ки бо дастгирии роҳбарияти донишгоҳ ҷиҳати ғанӣ гардонидани махзани китобхона ва таъмини донишҷӯён бо китобҳои таълимӣ ва илмӣ тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ мешавад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар Китобхонаи марказӣ шаш шуъба фаъолият бурда, ҷиҳати хизматрасонии босифат ва самаранок ба устодону донишҷӯён тамоми шароит фароҳам оварда шудааст.

Ҳамзамон, барои донишҷӯёни соли якуми факултети молия ва иқтисодиёти бозор китобҳои ихтисосӣ муаррифӣ шуд.

Хотиррасон менамоем, ки махзани Китобхонаи марказии Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” беш аз 300 ҳазорро ташкил дода, ҳамарӯза беш аз 100 аъзои нав қабул мешаванд.

Маркази иттилоот

ва таҳлили донишгоҳ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ