​Оғози Спартакиадаи варзишӣ байни устодону кормандони муассисаҳои касбии миёнаву олии вилоят

Имрӯз 11 феврал, дар Маҷмааи варзишии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон маросими ифтитоҳии Спартакиадаи варзишӣ байни устодону кормандони муассисаҳои касбии миёнаву олии вилоят бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар Спартакиадаи варзишии мавриди зикр наздик ба 20 нафар устодон ва кормандони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷалб карда шудаанд.

Дар рӯзи аввали мусобиқа дастаи волейболбозони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо дастаҳои Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ ва Коллеҷи омӯзгории Донишгҳи давлатии Хуҷанд рақобат намуда, бо ҳисоби якхелаи 2 бар 1 дастболо гардид. Дар ин бора, Хайёмиддин Исмоилов – мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ иттилоъ дод.

Маврид ба тазаккур аст, ки аз рӯи чор намуд: волейбол, тенниси рӯи миз ва шашкаву шоҳмот байни дастаҳо ҷараён дошта, бо мақсади тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, оммавигардонии варзиш ва мустаҳкам намудани дӯстӣ байни кормандони соҳаи маориф арзёбӣ мегардад.

Маркази иттилот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ