​Эҳдои дипломи АМИТ ба ректори донишгоҳ

Профессор Ҷамшед Ҷӯразода, ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо дипломи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон қадр гардид.

Дипломи дараҷаи 3 аз ҷониби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон – Фарҳод Раҳимӣ барои иштироки фаъолонаи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар Олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ дар самти илмҳои дақиқ барои дарёфти Ҷоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва сазовор гардидан ба Ҷом ва дипломҳо эҳдо карда шуд.

Маврид ба зикр аст, ки дар Олимпиадаи мазкур 7 донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар самти илмҳои математика, физика, геология, астрономия, химия, биология ва технологияҳои иттилоотӣ фаъолона ширкат варзида, соҳиби Ҷом ва 1 мақоми аввал, 2 ҷойи дуюм, 1 зинаи сеюм ва 3 мақоми ифтихорӣ гашта, бо ҷом ва дипломҳои дараҷаи 1-ум, 2-юм, 3-юм ва ифтихорнома қадр гашта буданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ