​Ҳамкориҳои адабию фарҳангии Тоҷикистону Чин

Дар факултети забонҳои шарқи Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” ҷамъбасти ҳафтаи забони хитойӣ таҳти унвони “Ҳамкориҳои адабию фарҳангии Тоҷикистону Чин” баргузор гузашт.

Дар чорабинӣ роҳбарияти институти Конфутсий ва намояндаи Донишгоҳи нефту гази Чиндав ва устодону донишҷӯён иштирок карданд.

Ислом Раҳимов - декани факултети забонҳои шарқ чорабиниро ифтитоҳ намуда, доир ба риштаҳои дӯстии мардуми Тоҷикистону Хитой ва густариши ҳамкориҳои судманди ин ду ҳамсоякишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ ибрози андеша намуд.

Ҳамчунин Рен Генгтиен сухан ронда, ҷиҳати омӯзиши забони хитоӣ ба донишҷӯён пешрафту муваффақият таманно намуда, арз дошт, ки роҳбарияти институти Конфутсий ҷиҳати ҷалби бештари ҷавонони тоҷик ба омӯзиши забони хитоӣ квота ихтисос дода, имконияти мусоид фароҳам овардааст.

Баъдан аз ҷониби донишӯён либосҳои тоҷикӣ ва хитойӣ, суруд ва навори ҷойҳои сайёҳӣ ва таърихии Ҷумҳурии мардумии Чин намоиш дода шуд.

Маврид ба ёдоварист, ки тӯли ҳафтаи хитоӣ байни донишҷӯён озмунҳои диктантнависӣ ва омода намудани хӯриш ва таомҳои хитоӣ баҳри бедор намудани шавқу рағбат ба омӯзиши забон ва анъанаҳои хитоӣ сурат гирифт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ