​Дар Суғд озмуни вилоятии «Донишҷӯи сол-2021» гузаронида мешавад

Дар ин бора Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар додааст. Бино бар иттилоъ соли ҷорӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилояти Суғд озмуни вилоятии «Донишҷӯи сол-2021» гузаронида мешавад. Дар ин бора қарори марбутаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба тасвиб расидааст.

Озмуни мазкур бо мақсади баланд бардоштани самаранокии сиёсати давлат нисбат ба ҷавонон, ҳавасманд намудани донишҷӯёни болаёқат ва ба ин васила ҷалби онҳо ба донишандӯзию илмомӯзӣ, ҳамчунин тавсеи тафаккури техникии ҷавонон гузронида хоҳад шуд.

Ба ғолибони озмун аз рӯи равияҳои фанҳои дақиқ ва гуманитарӣ мукофотпулиҳо супорида мешавад.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ