Ба таваҷҷуҳи донишҷӯён

Ба таваҷҷуҳи донишҷӯёни Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” расонида мешавад, ки барои бо хобгоҳҳои духтарона ва писарона таъмин гардидан, ҳуҷҷатҳои зерин лозим аст:

  • Ариза ба номи ректори донишгоҳ.
  • Нусхаи шиноснома.

Эзоҳ: Бояд гуфт, ки ба донишҷӯёни ятим, бепарастор, маъюб (бо пешниҳоди нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ятиму бепарастор ва маъюбӣ), инчунин муҳассилин аз кишварҳои дигар (Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва ғайра), донишҷӯёни тибқи Квотаи Президентӣ таҳсилкунанда, сокинони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ авлавият дода мешавад.

Донишҷӯёни дурдасти вилояти Суғд низ аз рӯи имконияти мавҷуда, баъд аз ҷойгир намудани гурӯҳҳои болозикр бо хобгоҳ таъмин хоҳанд шуд.

Қабули ҳуҷҷатҳо баъд аз 15-уми август сурат мегирад.

Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи донишгоҳ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ