Мулоқот: Паём – роҳнамои зиндагии шоиста
Нуктаҳои муҳимтарини Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сӯҳбат бо донишҷӯёни факултети филологияи тоҷик шарҳ дода шуд.
Профессор Абдуқодиров Абдусаттор дар бораи самтҳои муҳимтарини Паёми Президенти кишвар, ки ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид, ибрози назар намуд.
Номбурда ба донишҷӯён перомуни ташаббус ва ибтикороти Роҳбарияти давлат, ки ҷиҳати дастгирии соҳаи маориф ва илм дар Паём зикр гардид, маълумот дод.
Гуфта шуд, ки 30% баланд шудани стипендия далели равшани таваҷҷуҳ ва ғамхории Пешвои муаззами миллат нисбат ба намояндагони насли ҷавон ва ба ин васила таъмини рушди соҳаи илму маориф маҳсуб меёбад.
Аз донишҷӯён даъват гардид, ки бо истифода аз имконият ва шароити мусоиду арзанда ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониши худ кӯшиш намуда, дар рушди Ватан саҳим бошанд.
Маркази иттилоот ва таҳлил