​ДДХ: иштироки устодон дар конфронси байналмилалӣ

Бо ибтикори Дафтари минтақавии забони англисӣ (RELO) конфронси байналмилалӣ доир гардид, ки дар он омӯзгорони факултетҳои забонҳои шарқ ва забонҳои хориҷии донишгоҳ иштирок намуданд.

Дар кори конфронс хатмкунандагони фаъоли барномаҳои омӯзишӣ ва курсҳои такмили ихтисос дар формати онлайнӣ аз фанни забони англисӣ ширкат доштанд.

Ёдовар мешавем, ки қаблан сармуаллимаҳои кафедраи забони англисии факултети забонҳои шарқ Тӯраева Гулорохон ва Ризоева Парвина дар озмуни Дафтари минтақавии забони англисӣ (RELO) барои пешкаш намудани ғояҳои беҳтарин оид ба таълими забони англисӣ ғолиб дониста шуда, ҷиҳати ироаи маърӯза дар конфронси байналмилалӣ имконият пайдо намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки дар конфронси мазкур аз ҷониби устодони донишгоҳ оид ба истифодаи усулҳои нави таълим баҳри рушди тафаккури интиқодӣ ва баланд бардоштани салоҳияти фарҳангӣ ва перомуни равобити забон ва фарҳанг маърӯзаҳо пешниҳод гардид.

Хотиррасон менамоем, ки дар доираи конфронси мазкур пешниҳодоти устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби кошиносон хуш истиқбол гардида, ҷиҳати татбиқи он дар раванди таълим маслиҳатҳо ироа шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ