Мулоқот бо хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ
Устодони кафедраи умумидонишгоҳии психологияи умумӣ бо хонандагони мактабҳои ҷамоати деҳоти Чашмасори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мулоқот намуда, оид ба ихтисосҳои Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров барои соли таҳсили 2021-2022 маълумот доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки феълан барои соли таҳсили нав дар донишгоҳ донишҷӯён аз рӯйи 89 ихтисос қабул шуда, шакли таҳсил ҳам рӯзона ва ҳам фосилавӣ мебошад.
Ҳадаф аз ин мулоқотро масъулин дар баланд бардоштани сатҳи маълумоти хатмкунандагони мактаб оид ба ихтисос, имконият ва шароитҳои донишгоҳ унвон мекунанд.
Маркази иттилоот ва таҳлил