​Зебанда туро либоси атлас

Дар факултети забонҳои шарқ фестивали “Атласу адрас - 2021” таҳти унвони “Зебанда туро либоси атлас” бо иштироки ноиб ректори тарбия, доктори илмҳои таърих, профессор А.Усмонов баргузор гардид. Дар ҳамон рӯз тамоми муаллимаҳо ва донишҷӯдухтарони факултет дар тан либоси миллии тоҷикии атласу адрасро ба бар карда, толори баргузории чорабиниро бо нақшу нигори атласу адраси матоъҳои маҳсулоти ватанӣ оро доданд. Иқдоми ташкил ва баргузории озмун-фестивали “Атласу адрас”дар асоси Қарори Раиси вилояти Суғд аз 10 марти соли 2021, №120 ва Фармоиши ректори МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” аз 16 марти соли 2021, №242 бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ба роҳ монда шудааст. Мақсади гузаронидани ин чорабинӣ дар донишҷӯён талқин ва тарғиб намудани арзишҳои бойи фарҳанги миллии халқи тоҷик, эҳё намудани ҳунарҳои миллӣ, боло бардоштани мақому ҷойгоҳи либоси миллӣ, тарбия намуданиҳисси хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ, дар шуури донишҷӯён ҷойгир намудани эҳсоси зебоӣ ва зебоипарастӣ равона гардидааст.

Чорабинӣ бо сурудани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гашта, аз якчанд барномаҳои маърифатӣ ва адабӣ иборат буд. Донишҷӯён дар васфи одоби либоспушӣ, таърихи истеҳсоли атласу адрас дар гузашта ва имрӯз, таҳқиқотҳои таърихшиносону ҷуғрофиёншиносон доир ба марказҳои маъруфи истеҳсоли матоъҳои пахтагину абрешимӣ маърузаҳои пурмазмун намуданд.Аъзои ҳакамон аз руйи шартҳои намоиши номинатсияи либоси расмӣ, номинатсияи либоси идона, номинатсияи либоси туёнаю арӯсӣ ва номинатсия либоси кудакона баромади доишҷӯдухтароро баҳогузорӣ намуда, ғолибонро ба даври дуюми фестивал пешниҳод намуданд. Дар фарҷоми чорабинӣ кули иштирокчиёнро садорати факултет бо тӯҳфаҳои хотиравӣ ва ғолибони озмунро бо сипоснома қадрдонӣ намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ