​Мулоқот бо намояндаи Маркази забони фаронсавии шаҳри Алмато

Дар факултети забонҳои шарқ бо намояндаи Маркази забони фаронсавии шаҳри Алмато мулоқот гузаронида шуд. Дар вохӯрӣ декани факултети забонҳои шарқ дотсент Раҳимов Ислом, мудири кафедраи забонҳои форсӣ ва хитойӣ дотсент Қосимова Марҳабо, муаллими забони фаронсавии кафедраи забонҳои форсӣ ва хитойӣ Муқимҷон Темуров, директори маркази забони фаронсавӣ дар шаҳри Алмато Вивьен Фуке иштирок намуданд.

Мақсад аз гузаронидани мулоқот дар факултети забонҳои шарқ ба донишҷӯён муаррифӣ кардани ихтисосҳои нав ва мустаҳкам кардани муносибатҳои кории байни ду муассисаҳои таълимӣ буд.

Ёдовар мешавем, ки дар соли хониши оянда, яъне соли хониши 2021-2022 ихтисосҳои нав, аз ҷумла арабӣ-фаронсавӣ, форсӣ-фаронсавӣ ва нақди адабӣ (арабӣ-тоҷикӣ) кушода хоҳанд шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ