Факултети забонҳои хориҷӣ: “Аллома Бобоҷон Ғафуров-бузургмарде аз табори хирад, андеша, илм ва санъат”
Бобоҷон Ғафуров бузургмарде аз табори хирад, андеша, илм ва санъат мебошад. Дар зери роҳбарии академик Б. Ғафуров илми шарқшиносии собиқ советӣ ба пояи баланди тараққиёт расида, соҳаҳои гуногуни таърихи маданияти бисёр давлатҳои ҷаҳонро мавриди таҳқиқу тадқиқ қарор дод. Бахшида ба 110 солагии зодрӯз ва маъракаи ёдбуди аллома Бобоҷон Ғафуров санаи 11.12. 2018 бо ҳамроҳии таҷрибаомӯзони курси 4-и факултети забонҳои хориҷӣ дар МТМУ №16 мизи мудаввар дар мавзӯи "Аллома Бобоҷон Ғафуров - бузургмарде аз табори хирад, андеша, илм ва санъат" баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ мушовири таҷрибаи омӯзгорӣ дар МТМУ №16 Раҷабова Н.М., роҳбари иттиҳодияи методӣ Саидова М., ҳамаи таҷрибаомӯзон ва якчанд хонандагони фаъоли синфи болоии муассисаи мазкур ширкат варзиданд.
Сухани ифтитоҳӣ ба таҷрибаомӯз Ашӯров Аҳмадшоҳ дода шуд, ки ӯ оид ба кор ва фаъолияти аллома Бобоҷон Ғафуров маълумоти мухтасар дод. Баъдан таҷрибаомӯз Ҳасанова Дилшода дар бораи китоби "Тоҷикон"-и Бобоҷон Ғафуров баромад намуд. Ӯ қайд кард, ки китоби "Тоҷикон" дар ҳаёти илмии мамлакати мо ҳодисаи намоёне гардид ва дар саҳифаҳои фарҳангии таърихшиноси советӣ сабт ёфт. Ин асари Бобоҷон Ғафуров натиҷаи тадқиқотҳои беш аз 30- солаи вай дар ин мавзӯъ буда, барҷастатарин қисми фаъолияти илмии таърихшинос аст. Сипас аз тарафи хонандагони синфи 11 шеърҳо оид ба Тоҷикистон қироат карда шуд. Баъдан таҷрибаомӯзон Эрназарова Фарида ва Усмонов Бахтовар оид ба дӯстони хориҷии Бобоҷон Ғафуров ба аҳли нишаст гуфта гузаштанд. Масалан, дар бораи дӯстии Бобоҷон Ғафуров бо профессор Нурун Ҳасан ва Ҳайдари Дониш қайд карданд. Дар охир шеъри «Таронаи Истиқбол», ки Садрӣ Ҳайдари Дониш дар васфи Бобоҷон Ғафуров эҷод карда буд, қироат карда шуд.
Маркази иттилоот ва таҳлил