​Ҷараёни санҷишу имтиҳонот дар донишгоҳ

Дар 7 нуқтаи назди маркази тестии Дониишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров супоридани санҷишу имтиҳонҳои сессияи зимистонаи соли таҳсили 2019-2020 тибқи ҷадвали тасдиқгардида ҷараён дорад.

Сардори маркази тестии донишгоҳ, номзади илмҳои физика, дотсент Раҳим Назаров иттилоъ дод, ки бо назардошти афзудани теъдоди донишҷӯён як нуқтаи иловагии имтиҳонсупорӣ дар факултети математика ихтисос дода шуд. Қайд гашт, ки барои ба таври шаффофу воқеъбинона гузаштани имтиҳоноти сессияи зимистона нуктаҳои маркази тестӣ ва синфхонаҳое, ки дар он имтиҳоноти хаттӣ баргузор мегарданд, ҳамаҷониба омода мебошад.

Дар донишгоҳ комиссияи махсуси имтиҳонот таъсис ёфтааст, ки рафти имтиҳоноти сессияи зимистона зери назорати 800 нозир қарор гирифтааст.

Тибқи иттилои манбаъ дар як рӯз аз 4 то 5 ҳазор донишҷӯёну магистрантон аз соати 08:00 то 16:00 то 5 баст санҷишу имтиҳон месупоранд.

Мавриди зикр аст, ки дар сессияи зимистона беш аз 17 ҳазор донишҷӯ санҷишу имтиҳонро тариқи тестӣ, шифоҳӣ, эҷодӣ ва хаттӣ месупоранд, ки он то санаи 18-уми январи соли 2020 ҷараён мегирад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ